Атоев гуфт, чӣ бояд кард, ки интернет начаспаду мизоҷон асабӣ нашаванд

Ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон далели "часпидан"-и интернет дар бархе аз минтақаҳои кишвар ба нарасидани зарфияти дастгоҳҳои базавӣ рабт дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Корбарони дар Тоҷикистон аз тариқи телефони боварӣ ба Хадамоти алоқа зиёд аз 120 бор дар бораи сифати интернет шикоят кардаанд.
Дар ин бора ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар аксари мавридҳо мушкили сари зарфият аст.
"Дар ҷое, ки истгоҳи базавӣ бояд барои 200 муштарӣ хизмат кунад, агар 300 нафар шавад, зарфият намерасад ва ба ҳамин далел интернет мечаспад", - тавзеҳ дод Атоев.
Вай таъкид намуд, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ аст, ки инфрасохтори алоқа бояд пайваста рушд кунад ва барои ин дар Тоҷикистон низ чораандешӣ мегардад.
Ба иттилои ноиби раиси Хадамоти алоқа, то ҳол 443 истгоҳи базавии нав насб шуда, инчунин як қисми дигар моҳи август ворид мегарданд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки то охири сол сатҳу сифати интернет боз беҳтар мешавад.
Атоев таъкид намуд, ки бо истифода аз роҳҳои алтернативӣ аз ҷумла гузаштан интернети бесим сарбориҳо каму сифати интернет беҳтар мешавад.
Шумори симкортҳои фаъол дар Тоҷикистон садҳо ҳазор кам шуд
Ӯ зикр намуд, ки ҳоло ҳудуди сад ҳазор корбари интернети бесим дар Тоҷикистон сабт шудаанд ва бо ба миллионҳо расидани ин шумора сифат беҳбуд хоҳад ёфт.
Ноиби раис ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ аз тариқи тарофабандиҳо нархи алоқа ба таври умум 15% коҳиш ёфта истодааст.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз сифати интернету алоқа ва нархи он изҳори норозигӣ карда буд. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.