ДУШАНБЕ, 27 июл – Sputnik. Ҳама гуна силоҳи наве, ки Вашингтон ва Брюссел тасмим гирифтаанд, ба Киев фиристанд, ба натоиҷи амалиёти вижа ягон таъсире расонида наметавонанд.
Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ дар Telegram-канал навиштааст.
"Ҳар силоҳи наве, ки Вашингтон ва Брюссел тасмим гирифтаанд, ки ба Зеленский ва афроди ӯ ирсол кунанд, дигар наметавонад ба натиҷаи амалиёти махсуси низомӣ таъсир расонад",- навиштааст ӯ.
Ӯ ҳамзамон гуфт, ки силоҳи ғарбӣ дар майдони ҷанг бори дигар бекайфиятии худро собит карданд, ки бисёре аз кишварҳо бо ин сабаб аз харидани онон даст мекашанд.
"Ягона чизе, ки ин бешубҳа таъсир хоҳад кард, ин аст, ки бисёре аз кишварҳо аз харидани силоҳҳои таблиғшудаи Амрико ва дигар силоҳҳои ғарбӣ, ки дар майдони ҷанг бесамар шудаанд, даст мекашанд", - навиштааст Володин.
Вай барои мисол Ҷанги Бузурги Ватаниро оварда, ёдовар шуд, ки Адолф Гитлер ва Ҷозеф Геббелс мафҳуми "вундерваффе" ("силоҳи муъыизавӣ")-ро ҷорӣ карда, кӯшиш карданд, ки артиши Олмон ва худро мутақоид созанд, ки он барои пирӯзӣ дар ҷанг мусоидат мекунад.
"Натиҷа ба ҳама маълум аст: он ба фашистон кӯмак накард", - қайд кард раиси Думаи давлатӣ.
Пештар хабар дода шуда буд, ки низомиёни Русия ҳангоми рафъи ҳамлаи ҷавобии Украина даҳҳо тонку туп ва мошинҳои зиреҳпӯши Ғарбу ИМА-ро нобуд карданд.
Қаблан афсари собиқи истихбороти Амрико Скотт Ритерр низ гуфта буд, ки силоҳҳои ғарбӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина кумак намекунанд, хабар медиҳад RT.