Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин: Сарбозони Русия дар минтақаи амалиёти вижа қаҳрамонӣ нишон медиҳанд

Раисҷумҳури Русия гуфт, ки сарбозони кишвараш дар минтақаи амалиёти вижа низомӣ дар Украина қаҳрамонии зиёдеро нишон медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сарбозону афсарони рус намунаҳои беҳтарини қаҳрамонии оммавиро дар минтақаи амалиёти вижа нишон медиҳанд, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин.
Оқои Путин гуфт, ки нерӯҳои украинӣ даргириҳоро шадидтар кардаанд, амалиёти асосӣ дар самти Запорожие мегузарад. Тамоми талоши ҳуҷуми ҷавобии Украина рафъ карда шуд, душман муваффақ нашуд ва ақиб партофта шуд.

"Ҷангҳои ҷиддӣ дирӯз ба қайд гирифта шуданд. Бидуни муболиға метавонам бигӯям, ки сарбозон ва афсарони мо қаҳрамониро нишон доданд”, - гуфт ӯ дар саммити Русия ва Африқо.

Вай ҳамчунин илова кард, ки артиши Украина дар набардҳои дирӯз дар самти Запорожие талафоти зиёде дидааст - беш аз 200 нафар кушта шуд, талафоти Русия 10 маротиба камтар аст
Шартҳо иҷро нашуданд: нуқоти муҳиме, ки Путин дар бораи созишномаи ғалла гуфт
"Ба ғайр аз техникаи низомӣ, душман талафоти зиёди инсонӣ дорад - беш аз 200 нафар. Мутаассифона, мо ҳам талафот додем. Аммо тафовут бузург аст, баъзан, талафоти мо беш аз 10 маротиба, нисбат ба душман камтар аст”, гуфт Владимир Путин.
Ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Южнодонетск, Артёмовск ва пеш аз ҳама дар самти Запороже рӯзи 4 июн оғоз шуд.
Киев ба ҷанг нерӯҳои таълимдида дар НАТО ва таҷҳизоти ғарбиро равона кард.
Аммо ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, Киев дар ин ҳамлаҳои ҷавобӣ ба ҳеч натиҷае ноил нашуд ва бо ин пуштибонҳои ғарбияшонро ноумед кард.
Ва афзуд, ба Киев на захираҳои бузурги воридотӣ, на таъминоти силоҳ, танкҳо, тӯпхонаҳо, зиреҳпӯшҳо, мушакҳо ва на фиристодани ҳазорон зархаридону мушовирон кӯмак намекунанд.