ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят як мардро наҷот доданд.
Ҳодиса дар обанбори Баҳри тоҷик рух додааст, хабар медиҳад, дафтари матбуоти ин ниҳод.
Кормандони КҲФ зимни назорати соҳили обанбор барои муайян кардани қонуншиканӣ мардеро диданд, ки оббозӣ мекард.
Вай дар болои камераи чархи мошин шиноварӣ мекард, вале баногоҳ рӯ ба ғарқ шудан овард.
Наҷотдиҳандагон фавран ба кор шурӯъ намуда, ба ҷавон кӯмак карданд.
Маълум шуд, ки мавсуф сокини 35-солаи шаҳри Гулистони Суғд будааст.
Ба мард фавран ёрии аввалия расонида шуд, вале ӯ аз бистарӣ шудани дар беморхона канорагирӣ кардааст.
Ин аввалин ҳодисаи наҷот набуда, қаблан низ дар Хуҷанд се нафар аз ғарқшавӣ дар Сирдарё наҷот дода шуда буданд.
Ҳодиса дар қитъаи дарё, ки барои шиноварӣ мамнӯъ аст, рух додааст.
Ба наҷотдиҳандагон муяссар шуд, ки осебдидагонро зуд аз об берун оваранд ва ба онҳо ёрии аввалияи зарурӣ расонанд.