ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Масъулини вазорати тандурустии кишвар мегӯяд, ки аз 1 августи соли равон қабули хизматрасонии муздони тиббӣ бо таврӣ нақдӣ пурра қатъ гардида, танҳо ҳисоббаробаркуниҳои хизматрасониҳои тиббӣ ба таври ғайринақдӣ сурат мегирад.
Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи корӣ дар бораи татбиқи Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” хабар дод.
Муовини вазир гуфт, ҳангоми пурра гузаштани муассисаҳо ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ шафофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо таъмин мегардад.
Инчунин ба гуфтаи вазорат ин иқдом ҳамчунин ба осон ва дастрас будани хизматрасонӣ, кам гардидани талабот ба маблағҳои нақдӣ, кам истодан дар навбат барои гирифтани пули нақд дар банкоматҳо, ҳамчунин вақти зиёдатӣ сарф накардан дар супоридани маблағҳо ба хазинаи муассисаҳои давлатӣ ва воридоти пурраи маблағҳо ба суратҳисоби маблағҳои махсус мусоидат мекунад.
Ҳамзамон вазорат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то имрӯз 396 муассисаҳо тибқи тартиби қарори ҳукумати Тоҷикистон, 2 хадамотҳои назорати давлатӣ, донишгоҳҳои давлатии тиббӣ (2 донишгоҳ), Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, 16 коллеҷҳои давлатии тиббӣ, 4-муассиса дар сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ дар маҷмуъ 428 муассиса аз 1 августи соли 2023 пурра ба хизматрасонии ғайринақдӣ бояд гузаронида шаванд.
Аз ҷумла шумораи муассисаҳои алоқаманд ба хизматрасониҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ 38 муассиса, шаҳри Душанбе 32 муассиса, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51 муассиса, ВМКБ 32 муассиса, вилояти Хатлон 174 муассиса ва вилояти Суғд 101 муассисаро ташкил медиҳад.