Даъвати прокурори Кӯлоб аз “террористон”: Бо хоҳишу худ баргардед, мебахшем!

Додситони шаҳри Кӯлоб гуфт, ки шумори парвандащои характери террористиву экстреместӣ дошта, дар шаҳри сол ба сол дар ҳоли коҳишёбист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Прокурори шаҳри Кӯлоб Достизода Қутбиддин зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки татбиқи моддаи эзоҳ ё қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста терроризму экстремизм нисбати онҳое, ки пушаймонӣ кардаанд, аз ҷониби мо идома дорад.
Вай гуфт, прокуратураи шаҳри Кӯлоб соли гузашта нисбати 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ дар асоси эзоҳ қатъ кард.
Вай афзуд, ки чунин парвандаҳо вобаста терроризму экстремизм имсол ҳам мавҷуд ҳаст.

“Мо бо шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ ҳастанд дар тамос ҳастем ва аз онҳо даъват дорем, ки бо хоҳиши худ ба Ватан баргарданд ва нисбати онҳо эзоҳи талабати модда татбиқ гардад, яъне аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шаванд”, - гуфт оқои Достизода.

Вай илова кард, ки кадоме, ки хоҳиш дорад ва аз кардааш пушаймон аст, ба мо муроҷиат кунанд ва додситонӣ ҳатман нисбати вай чора меандешад ва ӯро аз ҷавобгарӣ озод хоҳем кард.
Баррасии мубориза бо терроризм миёни Тоҷикистон ва Туркия
Додситони шаҳри Кӯлоб зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб нисбати 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба терроризму экстремизм оғоз гардидааст ва тафтишоти пешакии парвандаҳо идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, прокурор қайд кард, ки имсол ҳеҷ тоҷикистонии дар хориҷбуда муроҷиат накардааст, то нисбаташ моддаи эзоҳ татбиқ шавад.