Вилояти Хатлон лоиҳаие наверо дар самти бунёди корхонаҳои хурд таҳия кардааст

Раиси вилояти Хатлон гуфт, ки мақомоти вилоят дар самти бунёди корхонаҳои хурд лоиҳаи наверо таҳия кардаанд ва барои амалишавии он талош доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон давлаталӣ Саид дар дидор бо роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел таъкид кард, ки агар ин лоиҳа татбиқ карда шавад, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Раиси вилояти хатлон дар ин мулоқот қайд кард, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои рушдёбандаи кишвар ба ҳисоб рафта, шароити иқлими вилоят имкон медиҳад, ки зироатҳои кишоварзӣ ба таври фаровон рӯёнида шаванд.
Ҳар сол кишоварзони вилоят ба хориҷи кишвар беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот, полезӣ ва дигар номгӯи маҳсулотро содирот менамоянд. Гуфта шуд, ки имконияти зиёд кардани содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, махсусан сабзавоти барвақтӣ - пиёз, помидор, бодиринг ва меваҷот аз вилоят мавҷуд аст.
Раиси Хатлон ба соҳибкорони эронӣ коркарди ашёи хоми вилоятро пешниҳод кард
Дар ҳамин ҳол, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами андешаҳои бо хушнудӣ баён дошта иброз намуд, ки Созмони Милал барои рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ҳамеша омода аст ва мақсади ин мулоқот низ ҷоннок намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад.
“Бонки ҷаҳонии рушд дар бахши хусусӣ имкониятҳои зиёдеро фароҳам овардааст ва мо умедворем, ки бо Шумо дар ин бахш ҳамкориҳои густурда анҷом диҳем”, - гуфт ӯ.
Намояндаи СММ изҳори итминон кард, ки он чӣ имкониятҳо даст медиҳанд баҳри ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон омодаанд
Қайд карда шудааст, дар ин дидор масъалаҳои мубрами дигар мавриди муҳокима қарор гирифт.