Тоҷикистон чиро ба феҳрасти мероси фарҳанги умумибашарӣ пешниҳод кард?

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО-ро ҷоннок кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" интизор меравад, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ба рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шаванд.
Дар ин бора вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди тобеяш иттилоъ дода, афзуд ёдгориҳои долон ба рӯйхати мероси умумибашарӣ зимни иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ шомил мешаванд.
Ба иттилои Вазорат, ёдгориҳои долони "Зарафшон - Қароқум" 9 ададро ташкил медиҳанд.
Боздиди наздик ба 28 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Хатлон
Вазир таъкид намуд, ки ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанг ба ҳисоб рафта, корҳо барои шомилсолӣ барои мероси фарҳанги умумибашарӣ ҷараён доранд.
"Инчунин, то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони “Фарғона-Сирдарё” пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегардад", - афзуд Вазорат.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки ҳамзамон, корҳо оид ба пешбурди номинатсияи “Ҳулбук-Хуттали қадим” аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.