ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ҷавобгари аслии марги фоҷиавии 7 корманди хоҷагию манзилию коммуналӣ дар Панҷакенет сардори қитъа ва сармуҳандиси онҳо буданд, изҳор дошт ноиби аввали раҳбари КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и Тоҷикистон, Абдулазиз Достизода.
Вай зимни нишасти хабарӣ ин фоҷиаро тавзеҳ дода, марги 7 кормандро натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор хонд.
Достизода, аз ҷумла таъкид намуд, ки аз ҷониби сармуҳандис корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда нашудаанд.
"Якбора чор нафар ба чуқурии 6 метр барои таъмири насос фаромада, дар натиҷаи кушодани пайвастҳои "обратний клапан" аз хориҷшавии якбораи гази метан мефавтанд", - гуфт ӯ.
Мақомдор илова намуд, барои ёрии амалӣ дигар кормандон ва баъдан - роҳбар ба кӯмаки онҳо меравад, ки ҳамагӣ ҷон аз даст медиҳанд.
Ӯ афзуд, ки баъди ин ҳодиса бо кормандон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ корҳои фаҳмондидаҳӣ гузарониданд ва чанд корманде низ ҷазо гирифтанд.
"Мо ваъда медиҳаем, ки дар оянда ба ин камбудиҳао роҳ намедиҳем", - гуфт ӯ.
Ба иттилои Достизода, феълан аз ҷониби додситонии шаҳри Панҷакент тафтишот дар ин самт идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки фоҷиаи маргбор моҳи майи соли равон рух дода, 7 нафар, ки дар Панҷакент ба таъмири хати партовоб машғул буданд, аз газ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.