ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сукуташон ошкоро паём медиҳанд, ки амалкарди Киев барои таъқиби Калисои православии украиниро ҳимоят мекунад.
Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Русия зимни як гузориш баён дошта, афзуд, ки ИМА то ҳол таъқиботро маҳкум накардааст.
"Дар замони таъқиби диндорони православӣ дар Украина, онҳо сиёсати харобиовари Зеленский дар мавриди колисоро маҳкум накардаанд ва ба ин васила, ошкоро нишон доданд, ки амалҳои ғайриқонунии Киевро тарафдоранд", - изҳор дошт ВУХ Русия.
Ин ниҳод таъкид кардаст, ки мушкили калисои православӣ дар Украина чун пештара дар авлавиятҳои СММ ва дигар созмонҳои дахлдор қарор нагирифтааст.
"Ба сиёсати зиддиправославии режими ҳоким дар Киев, ҳодисаҳои зиёди мусодираи амволи колисои Украина, ба далелҳои худсарӣ ва зӯроварӣ алайҳи рӯҳониён ва диндорон вокуниши мувофиқ вуҷуд надорад", - афзуд Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Дар давоми як соли охир мақомоти Украина мавҷи бузургтарин таъқиби колисои Украинаро дар таърихи навини кишвар ташкил карданд.
Бо ишора ба иртиботи он бо Русия, мақомоти маҳаллӣ дар манотиқи мухталифи Украина тасмим гирифтанд, ки фаъолияти ин колисоро мамнӯъ кунанд ва ба порлумони ин кишвар тарҳи қонун дар бораи манъи воқеии он дар тамоми қаламрави Украина пешниҳод гардид.
Хукуматдорон алайҳи баъзе рӯҳониён таҳрим ҷорӣ карда, хадамоти махсус барои пайдо кардани далели "фаъолияти зиддиукраинӣ" дар ибодатгоҳҳо бозҷӯиҳо гузаронда истодаанд.