ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи августи соли равон ба пойтахти Туркманистон барои иштирок дар нишасти сарони Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон сафар хоҳад кард.
Ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, ахиран тавассути видеоконфронс машваратҳо миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон - Рашид Мередов ва Ӯзбекистон - Бахтиёр Саидов баргузор гардиданд.
“Дар рафти мулоқот масоили омодагӣ ва баргузории Нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, ки дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар Ишқобод баргузор мешавад, муҳокима гариданд”, - таъкид кард ВУХ-и Тоҷикистон.
Қайд карда шудааст, ки вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин - лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии Нишастро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, вазирон дар ин мулоқоти маҷозӣ доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.