Озмоиши ин навъи паҳподҳо то моҳи марти соли 2024 идома хоҳанд кард, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Тибқи созишнома бо Туркия, дар Қазоқистон як хатти васл ва хидматрасонии паҳподҳо таъсис дода мешавад.
Қазоқистон аввалин кишваре хоҳад буд, ки дар он истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Анка оғоз мешавад.
Қаблан вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон хабар дода буд, ки рӯзи 10 май дар Анқара ёддошти тафоҳум дар бахши низомиву фаннӣ миёни ширкати "Kazakhstan Engineering" ва "Turk Aerospace" ба имзо расид.
Тибқи ин санад, дар Қазоқистон як хати тавлид ва хидматрасонии паҳподҳои навъи “Анка” ба кор андохта мешавад. Ин кишвар аввалин кишвари хориҷӣ гардид, ки дар он истехсоли ин навъи паҳподҳо ба роҳ монда мешавад.