ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тоҷикистон бори дигар ба феҳрасти кишварҳое ворид шуд, ки барои сайёҳони рус яке аз самти маҳбуби дидани аст.
Дар ин бора нашрияи “РБК” дар истинод ба натиҷаҳои пурсиши ширкати “Renaissance Insurance Group” ва “Ozon Travel” хабар медиҳад.
Ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар ин феҳрист Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Арманистон низ ворид шудаанд.
Айни замон, аксарияти русҳо дар соли 2023 сафарҳо ба дохили Русияро интихоб кардаанд: аз ҷумла сайёҳон ба самти Калининград, Сочи, Минералние Води бештар мераванд.
Қаблан Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ин ҷумҳурӣ 487,4 ҳазор гардишгари хориҷӣ дидан кардааст.
Тибқи маълумоти агентӣ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,8% зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, ки аз кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон 453,8 ҳазор гардишгар омадаанд. Теъдоди умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба кишвар дар нимсолаи аввали соли 2023 омадаанд, 627,9 ҳазор нафарро ташкил додааст.