ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Раиси Бӯстон, Нигорахон Ғаффорзода, бо фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории "Палос" дар шаҳраки Палос шинос шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Бӯстон, Ғаффорзода аз ҷумла аз коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории "Палос"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумат боздид намуд.
"Коргоҳҳо дар масоҳати умумии 2,4 гектар бунёд гардида, асосан барои таъминоти ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон муассир мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шуд, ки дар коргоҳҳои мазкур инчунин либоси мактаббачагон истеҳсол карда мешавад.
Нигорахон Ғаффорзода барои густариши фаъолият, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу сифат ба роҳбарони коргоҳҳои мазкур супориш дод.
Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 80 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мебошанд.
Аз ҷумла дар Суғд 36 корхонаи тавлиди либосҳои мактабӣ мавҷуданд.Теъдоди корхонаҳои тавлиди либоси мактабӣ дар Хатлон 29 адад арзёбӣ шудаанд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 корхона ба тавлиди либосҳои мактабӣ машғуланд. Инчунин 9 корхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 корхона дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, иттилоъ дода буд Вазорати саноат.
Маврид ба зикр аст, ки бо наздикшавии соли нави хониш дар Тоҷикистон хариди лавозимоти мактабӣ, аз ҷумла сарулибос барои хонандаҳо ба масъалаи мубрам табдил меёбад.