ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҳаҷми барқи тавлиду таҳвилдодаи нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" тайи моҳҳои январ - июни соли равон наздики 1,4 млрд кВт/соатро ташкил додааст.
Дар ин бора роҳбарияти НБО дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолааш бо нашри як иттилоия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми барқи таҳвилдодаи нерӯгоҳ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 84% афзудаст.
Бо вуҷуд, нерӯгоҳ ҳамагӣ бо иқтидори камтар аз нисфи тавоноияш фаъолият кардааст. Ба иттилои масъулини нерӯгоҳ, нишондоди истифодабарии иқтидори доштаи он дар нимсола наздики 48%-ро ташкил додаст.
Масъулини нерӯгоҳ изҳор медоранд, ки сатҳи миёнаи пардохт барои интиқоли ҷории барқ, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 амалӣ шудааст, аз ҷониби ширкати "Барқи тоҷик" аз 31% зиёд нест.
Манбаъ афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳ ба маблағи қариб 347 млн сомонӣ афзуд.
Ба ҳолати 30-юми июни соли 2023 ҳаҷми умумии қарздории "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" беш аз 2,7 млрд сомонӣ арзёбӣ мегардад.
Таъкид шудааст, ки корҳои техникӣ-таъмирӣ ва озмоишҳо дар нерӯгоҳ тибқи ҷадвали тасдиқшуда амалӣ шуда истодааст. Зикр гардид, ки иҷрои барномаи таъмир ба таъминоти нерӯи барқи зарурӣ таъсир намерасонад.