Дар ноҳияи Шуғнон прокурори нав таъйин шуд: Ӯ кист?

Додситони ВМКБ дар ҷаласаи ахир бо фаъолони ноҳияи Шуғнон прокурори навтаъйини ин ноҳияро ба ҷамъомадагон муаррифӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ахиран прокурори ВМКБ Назарзода Авазҷон Нарзуллоҷон дар дидор бо фаъолони ноҳияи Шуғнон додситони навтаъиншудаи ин ноҳия Тоҳирзода Шаҳбозро ба ҷамъомадагон муаррифӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти ноҳияи Шуғнон хабар додааст.
Ҳамзамон, дар ин ҷамъомад прокурори вилоят зимни суханрониаш иброз доштааст, ки Паёми президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати рӯимизии ҳар як корманди ин мақомот буда, дар он сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба риштаи таҳлил кашида шудааст.
Вай ҳамчунин аз амалӣ гаштани барномаҳо, рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг, саноату сайёҳӣ ҳарф зада, диққати ҳамагонро ба риояи қонунҳои “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон ” ҷалб кард.
Прокурори вилоят, хусусан дар бораи ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва шомил шудани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ибрози назар кард.
Тағйироти кадрӣ дар Маркази исломшиносӣ: Раҳмон барканору таъйин кард
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури кишвар дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тағйирот ворид кард.
Президент гуфтааст, ки зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
"Бояд ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти ба дӯш дошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед”, - афзуд кишвардор.
Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморид.