ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилояти Суғд бо сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Русия сурат гирифт.
Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Русия Алексей Фролов сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва иқтисодии минтақаҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.
Дар ин мулоқот раиси вилояти Суғд хабар додааст, ки соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023 байни вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни Русия беш аз 100 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ имзо гардида, ҷонибҳо дар асоси ҳуҷҷатҳо ҳамкории хубро ба роҳ мондаанд.
Ба иттилои Аҳмадзода, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Русия 275 млн. долларро ташкил дода, ба вилояти Суғд чӯбу тахта, равған, нафту маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.
“Аз вилояти Суғд бошад меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, нӯшокиҳо, полезиҳо, чормағз, чарм, пахта содирот гардидааст”, - таъкид кардааст Раҷаббой Аҳмадзода.
Ин дар ҳолест, ки сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Русия генерал-лейтенант Алексей Фролов дар навбати худ қайд намуд, ки сиёсати пешгирифтаи сарони ду кишвар имкон медиҳад, ки соҳибкорону сармоягузорони ду давлати бо ҳам дӯст ҳамчун шарикони стратегӣ муносибатҳои худро боз ҳам густариш бахшанд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки тибқи дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва шартномаҳои дуҷониба дар гузаргоҳҳои гумрукӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, фаъолияти сардхонаҳо дар гузаргоҳҳо имкон медиҳад, ки соҳибкорон маҳсулоташонро бидуни мушкилот интиқол намоянд.