ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия эълом кард, ки низомиёни Украинӣ шаби гузашта талош карданд бо қойиқҳои бидуни сарнишин ба киштии гаштӣ "Сергей Котов" қувои баҳрии Русия дар Баҳри сиёҳ ҳамла кунанд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Ба иттилои манбаъ, дар баёнияи вазорат омадааст, ки "дар ҷараёни дафъи ҳамла ҳар ду қойиқи кантрол аз роҳи даври душман дар фосилаи 1000 ва 800 метрӣ бо оташи силоҳҳои стандартии киштии русӣ мунҳадим шуданд".
Вазорати дифои Русия қайд кардааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса ба касе осеб нарасид.
Киштии ҷангии "Сергей Котов" ҷануби ғарби Баҳри сиёҳро кантрол мекунад. Пас аз дафъи ҳамла ин киштӣ ба анҷоми вазоифи худ идома дод.
Қобил ёдоварӣ аст,ки ин аввалин ҳамлаи режими Киев бо истифода аз паҳподҳои дарёӣ нест.
Дар авоили моҳи июл ду паҳподи сатҳӣ ба пули Қрим ҳамла карданд. Дар ин инфиҷор як завҷи мутааҳҳили кушта ва духтари хурдсоли онҳо маҷрӯҳ шуд. Парвандаи ҷиноӣ бо унвон "иқдоми террористӣ " боз шудааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамла ба пулро аз нигоҳи низомӣ бемаънӣ ва ҷинояти бераҳмона хонда, афзуда буд, ки он посух дар пай хоҳад дошт.
Ҳафтаи равон нерӯҳои Русия як силсила ҳамлаҳоро ба Одесса, Иличевск ва Николаев, аз ҷумла ба маконҳои истеҳсол ва нигаҳдории қаиқҳои бесарнишин анҷом доданд, ки бо кӯмаки онҳо Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳамлаҳои террористиро алайҳи Русия тарҳрезӣ кардаанд.
Шаҳрдори Одесса ин зарбаҳоро бузургтарин аз замони оғози амалиёти вижа номид.