ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳудуди 80 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мебошанд, иттилоъ додааст Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, аз ҳама зиёд корхонаҳои тавлиди либосҳои мактабӣ дар шимоли ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Бар асоси омори ироакардаи Вазорати саноат дар Суғд 36 корхонаи тавлиди либосҳои мактабӣ мавҷуданд.
Теъдоди корхонаҳои тавлиди либоси мактабӣ дар Хатлон 29 адад арзёбӣ шудаанд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 корхона ба тавлиди либосҳои мактабӣ машғуланд.
Инчунин 9 корхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 корхона дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, изҳор медоранд масъулин.
Маврид ба зикр аст, ки бо наздикшавии соли нави хониш дар Тоҷикистон хариди лавозимоти мактабӣ, аз ҷумла сарулибос барои хонандаҳо ба масъалаи мубрам табдил меёбад
Мақомот мегӯянд, ки моҳи август дар шаҳру навоҳии мамлакат ва ҳамчунин ярмарка-фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор мешавад, ки дар он либосҳои мактабӣ бо нархҳои нисбатан дастрас ироаи мизоҷон хоҳанд шуд.