Сабти шумораи рекордии варзишкорон дар Бозиҳои Осиё

Дар барномаи Бозиҳои Осиё дар соли равон, ки дар Чин баргузор мешавад, 40 намуди варзиш, 61 ришта ва 483 мусобиқа шомил гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар 19ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу шумораи рекордии варзишгарон аз кишварҳои мухталифи минтақа ширкат хоҳанд кард, иттилоъ дод дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ин манбаъ аз қавли кумита тадорукоти бозиҳо хабар дод, ки 45 кумитаи миллии олимпии (КМО) узви Шӯрои олимпии Осиё беш аз 12500 варзишгарро барои иштирок дар 19-ум Бозиҳои Осиё ба қайд гирифтаанд.
Дар ин бозиҳо, ки аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор мешавад, аз ҷумла Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, афзуд Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ.
Зикр гардидаст, ки рекорди қаблӣ дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сабт шуда буд, ки дар он 11,3 ҳазор варзишгар иштирок дошт.
Пирӯзии "Истиқлол" бар "Пахтакор" дар Тошканд
"Ба барномаи Бозиҳои Осиёи имсола 40 намуди варзиш, 61 ришта ва 483 мусобиқа шомил гардидааст. Мусобиқаҳо дар 54 макони мусобиқа дар Ҳангжоу ва панҷ шаҳри музофоти Чжэтсзян баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ҳайати тимҳои 6 кумитаи миллии олимпӣ, аз ҷумла Чин, Тайланд, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон ва Ҳонконг аз 600 варзишгар зиёдтар аст.
Аз ҷумла дар варзиши сабук варзишгарони 43 КМО ширкат хоҳанд кард. Варзише, ки шумораи бештари варзишгаронро фаро гирифтааст, футбол мебошад, афзуд манбаъ.
Зикр гардидаст, ки аввалин Бозиҳои Осиё соли 1951 дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуда буд, ки дар он 11 КМО бо 489 варзишгар ширкат карда буданд.