Путин Мирзиёевро бо зодрӯзаш табрик кард

Раисҷумҳури Русия ва ҳамтои ӯзбекаш дар суҳбати телефонӣ дар бораи идомаи рушди ҳамкории мутақобили судман таъкид намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кохи Кремлин.
Раҳбари Русия зимни суҳбати телефониаш бо президенти Ӯзбекистон ӯро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт.
Роҳбарони Русияву Ӯзбекистон зимни мулоқот дар бораи идомаи рушди ҳамкории мутақобили судманди ду кишвар таъкид намуданд
"Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ, раисҷумҳури Русия Владимир Путин, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати рӯзи таваллудаш самимона табрик кард. Сарони давлатҳо дар барои хоҳиши рушди минбаъдаи равобити шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ миёни Русия ва Ӯзбакистонро тасдиқ карданд", — омадааст дар хабар.
Қаблан Путин ба раисиҷумҳури Ӯзбекистон барқияи шодбошӣ ирсол карда буд.
Раҳмон ба Мирзиёев татбиқи нақшаҳояшро таманно кард
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Ӯзбекистонро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт.
"Ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон орзӯ намуданд", - афзуд манбаъ.
Дар идома раисҷумҳури Тоҷикистон нақши Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намудаст.
Президенти Тоҷикистон ба Узбекистони дӯст пешрафту шукуфоии хостааст.
Дар баробари шодбошию таманниёт, президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.