Оғози ҷашнвораи "Боми ҷаҳон" дар Хоруғ

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 16-умин фестивали Боми Ҷаҳон оғоз гардид, ки намояндагони кишварҳои мухталифро гирди ҳам овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ бо мақсади муаррифӣ намудани фарҳанги бойи давлатҳои ҷаҳон фестивали "Боми Чаҳон" оғоз гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, ки ҷашнвораи мазкур чанд рӯз идома хоҳад дошт.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, соли равон низ ҳунармандони давлатҳои дӯсту хамсоя бо ҳунари волои худ дар фестивали "Боми ҷаҳон" фаъолона иштирок доранд.
Таъкид шудааст, ки дар расми оғози фестива намояндагони ҳукумати вилояту шаҳр ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ низ ширкат доштанд.
Дар Фестивали Боми Чаҳон муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон , муовини раиси шаҳри Хоруғ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.
Бо кафкӯбиҳои давомдор: Ҳунарнамоии ҷолиби ансамбли қафқозӣ аз Русия дар Хуҷанд – видео
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназарзода Абдулназар меҳмонони дохиливу хориҷиро хайрмақдам гуфта, афзуд, ки фестивали Боми Чаҳон маротибаи 16-ум дар боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гардида истодааст.
"Баргузории ин фестивали сатҳи ҷаҳонӣ ба муаррифии фарҳанги давлатҳо мусоидати хубе дорад. Зеро фарҳанги кишварҳои дунё сарҳад надошта, метавонад тамоми мардумони чаҳонро ба худ муттаҳид намояд", - изҳор доштаст ӯ.
Мақомот мегӯянд, баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар ҳудуди шаҳри Хоруғ пеш аз ҳама ба муаррифии фарҳанги бойу ва ғании бошандагони Боми ҷаҳон ба ҷаҳонгардон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими тобистон воридшавии сайёҳон ба шаҳри Хоруғ нисбатан зиёд шуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии маскунони вилоят мусоидат мекунад.