ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Душанбе аз ҳабси пешакии ронандаи ҷавоне хабар доданд, ки роҳрӯбро дар пойтахт зер карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудаст.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе таъкид намудааст, ки ҳодисаи маргбор санаи 23-юми июли соли ҷорӣ рух дод.
"Тақрибан соати 5:10 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ, аз самти кӯчаи Абдусаломи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ як нафар зани 54-соларо зер кардааст", - омадааст дар итттилоия.
Таъкид шудааст, ки ҷабрдида корманди корхонаи коммуналии ноҳияи Фирдавсӣ будааст, ки дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар пайи ин садама ронанда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Мақомоти милиса муайян кардаанд, ки садамаи мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи "BMW" сокини 22-солаи шаҳри Душанбе содир намудаст.
"Номбурда, баъд аз садамаи нақлиётӣ бо мақсади озод шудан аз ҷавобгарӣ воситаи нақлиёти худро ба кӯчаи Қаҳҳоров бурда пинҳон кардааст", - афзуд манбаъ.
Мақомоти умури дохилии Душанбе таъкид намуданд, ки айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд.