ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба маконҳои истеҳсол ва киштиҳои бесарнишин дар вилояти Одесса ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати дифоъ.
"Шабона нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо силоҳҳои дурпарвози дарёӣ ва ҳавоӣ ба иншооте, ки алайҳи Русия бо истифода аз киштиҳои бесарнишин амалиёти террористӣ омода мешуданд, зарба заданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки зарбаҳо дар минтақаи шаҳри Одесса расонда шуда, дар ин ҷойҳо зархаридони хориҷӣ ҷой доштанд.
"Ҳамаи ҳадафҳое, ки барои зарба ба нақша гирифта шуда буданд, нобуд карда шуданд", - хулоса кард вазорати дифоъ.
Ёдовар мешавем, ки шаби 17 июл киштиҳои бесарнишин ба пули Қрим ҳамла карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ ду сокини вилояти Белгород, як мард ва як зан кушта шуданд, духтарашон ба бистарӣ гардид.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамла ба пулро аз нигоҳи низомӣ бемаънӣ ва ҷинояти бераҳмона хонда, афзуда буд, ки он посух дар пай хоҳад дошт.
Ҳафтаи равон нерӯҳои Русия як силсила ҳамлаҳоро ба Одесса, Иличевск ва Николаев, аз ҷумла ба маконҳои истеҳсол ва нигаҳдории қаиқҳои бесарнишин анҷом доданд, ки бо кумаки онҳо Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳамлаҳои террористиро алайҳи Русия тарҳрезӣ кардаанд.
Шаҳрдори Одесса ин зарбаҳоро бузургтарин аз замони оғози амалиёти вижа номид.