Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин талафоти Украинаро аз оғози ҳамлаи ҷавобӣ эълон кард

Раисҷумҳури Русия талафоти техникаи низомии хориҷиро дар Украина тайи шабонарӯзи охир рекордӣ эълон кард, ки то ҳол ба қайд гирифта нашуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Артиши Русия дар як рӯз миқдори рекордии таҷҳизоти низомии хориҷиро нобуд карданд, изҳор дошт, президент Владимир Путин дар мулоқот бо ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко.
Ба гуфтаи Путин, маҳз техникаи хориҷиро то ҳол ба ин миқдор дар як рӯз нобуд накарда буданд.
Вай ин нуктаро дар посух ба суханони Лукашенко гуфт, ба иттилои ҷониби Белорус низомиёни рус дар як набард беш аз 15 Leopard ва беш аз 20 Bradley-ро нобуд кардаанд.
Ба гуфтаи президенти Русия, талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз оғози амалиёти ҷавобӣ аллакай аз 26 ҳазор нафар гузашт.
Вай ҳамчунин талафоти назарраси зархаридони хориҷӣ дар Украинаро таъкид кард. Дар ҳамин ҳол Путин таъкид кард, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ "аз аблаҳии худ" мемиранд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зарбаи Русия ба маконҳои омодасозии ҳамлаҳои террористӣ дар Украина
"Ҷомеаи кишварҳое, ки ҳукуматҳояшон мардумро ба минтақаи ҷанг мефиристанд, бояд донад, ки дар онҷо чӣ мегузарад. Ва мо инро ба таваҷҷӯҳи мардум мерасонем, то онҳо ба аъмоли ҳокимонашон баҳо диҳанд", - гуфт сарвари давлат.
Ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Южнодонетск, Артёмовск ва пеш аз ҳама дар самти Запороже рӯзи 4 июн оғоз шуд.
Киев ба ҷанг нерӯҳои таълимдида дар НАТО ва таҷҳизоти ғарбиро равона кард.
Аммо ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, Киев дар ин ҳамлаҳои ҷавобӣ ба ҳеч натиҷае ноил нашуд ва бо ин пуштибонҳои ғарбияшонро ноумед карданд.
Ва афзуд, ба Киев на захираҳои бузурги воридотӣ, на таъминоти силоҳ, танкҳо, тӯпхонаҳо, зиреҳпӯшҳо, мушакҳо ва на фиристодани ҳазорон зархаридону мушовирон кумак намекунанд.