ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ки бисёри кишварҳои мусалмоннишини ҷаҳонро дар бар мегирад, бо исломситезӣ мубориза мебарад.
Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик бо дархости Ироқ нишасти изтирории ин созмон дар сатҳи вазирони хориҷа баргузор мешавад.
Ниҳоди дипломатии Ироқ изҳор доштааст, амале, ки рамзҳо ва зиёратгоҳҳои мазҳабиро таҳқир мекунад, бояд бо амалҳои ҷиноӣ баробар карда шавад.
Ба сатҳи СҲИ бардоштани ин масъала дар ҳолест, ки аъзои гурӯҳи "Danske Patrioter" ахиран дар назди бинои сафоратхонаи Ироқ дар Копенгаген роҳпаймоӣ барпо карданд.
Дар ҷараёни он афроде, ки дар намояндагии дипломатӣ ҷамъ омада буданд, Қуръонро сӯзонданд.
Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна яке аз фаъолон китоби муқаддаси мусалмононро оташ зада, сипас ҷонибдори ӯ парчами Ироқро поймол кардааст.
Дар гирдиҳамоие, ки дар назди бинои сафорат баргузор шуд, беш аз панҷ нафар ширкат карданд.
Онҳо хабар доданд, ки ин амалро ба нишони эътироз алайҳи ҳамлаи ахир ба сафорати Шветсия дар Бағдод ташкил кардаанд. Ин иқдом таҳти ҳимояти шадиди пулис ва дар ҳузури намояндагони расонаҳо сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари амалҳои иғвогарона, ки яке аз онҳо рӯзи 28 июн, ҳангоми сӯзондани Қуръони як зодаи Ироқ сурат гирифт, Бағдоди расмӣ аз ихроҷи сафири Шветсия ва бозхонди кордори Ироқ дар Стокҳолм хабар дод.
Вазири хориҷаи Туркия Ҳокон Фидон гуфт, ки исломбадбинӣ ва амалҳои таҳқири Қуръони муқаддас барои мусалмонон як навъ вабо дар Ғарб шудааст. Ба ақидаи ӯ, дар Дания ва Шветсия амалҳо алайҳи Қуръон “мӯд шудааст”.