ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Кишоварзону ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳ маҳсули дасташон ва ҳамчунин барномаҳои фарҳангиву фароғатияшонро дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди тамошобинон мекунанд.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудааст, ки намоиши маҳсулот ва барномаи фарҳангии ноҳияи Файзобод дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Хайём" сурат мегирад.
Намоиши ноҳияи Восеъ дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе баргузор мекунад.
Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ то нисфи рӯзи 23 июл ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар гардидааст, тавзеҳ додаст манбаъ.
Масъулин мегӯянд, дар намоиш-фурӯш ноҳияҳои мазкур маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, себ, нок, шафтолу, зардолу, меваи хушк, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ ва дигар маҳсулоти озуқавориро пешниҳод мекунанд.
Нархҳои пешниҳодшуда дар намоишгоҳ то 30% арзонтар аз нархи бозорҳои Душанбе арзёбӣ мегардад.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки 1 кг картошка аз 4 то 4,50 сомонӣ, пиёз аз 1,80 то 2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, дигар намуди сабзавот аз 3 то 5 сомонӣ, гушти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мевагӣ аз 2 то 5 сомонӣ, тарбуз 10-12 сомонӣ, равғани растанӣ (5 литр) — 65 сомонӣ, 50 кг орд — 210 сомонӣ нархугзорӣ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол бархе аз навоҳии дигари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намоишашонро дар пойтахт баргузор карда буданд. Чунин чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе то 3 сентябр дар назар аст.