Тоҷикистониёнро гармои тоқатфарсо дар пеш аст

Ба гуфтаи ҳавосанҷони тоҷик даҳаи охири моҳи равон дар Тоҷикистон нисбат ба аввал ва миёнаҳои моҳ гармтар ва хушктар хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҳарорати ҳавои Тоҷикистон дар даҳаи охири моҳи ҷорӣ нисбат ва аввал ва мобайнҳои моҳ гармтар хоҳад шуд, пешгӯӣ мекунанд ҳавосанҷони ҷумҳурӣ.
Интизор меравад, охири моҳ ҳарорати ҳаво дар Душанбе 40-44 ва дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат то 47 дараҷа тафсон шавад.
Ҳамчунин, пешгӯӣ шуд, ки ҳавои моҳи августро ба обу ҳавои моҳи августи соли 2001 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд ва дар баъзе ноҳияҳои дигар 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад.
Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 28 дараҷа гармӣ хоҳад расид.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 24 ва рӯзона то 41 дараҷа ҳаво гарм мешавад.
Гармои тоқатфарсо: Сокинони Душанбе чӣ гуна худро аз офтоби сӯзон наҷот медиҳанд
Дар вилояти Суғд дар моҳи август то 27 дараҷа гарм мешавад. Боришоти борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳо дар моҳи август вазиши бод дар як сония ба 15-20 метр хоҳад расид.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ҳаво то 17- 22 дараҷа гарм мешавад.Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 29-34 то 24-29, шабона аз 13-18 то 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шарқи вилоят бошад, гармии ҳаво то 10-12 дараҷа мерасад.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ охири моҳ ба амал омадани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.