ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Он дар асоси автомобили зиреҳпӯши "Тайфун-ВДВ" бо формулаи чарххояш 4х4 сохта шудааст.
Давраи нави оташандозии пуриқтидори мобиливу дақиқро миномёти нави таҷрибавии "Дрок" бо маҷмааи идоракунии рақамии оташандозии ба ихтиёри артиши Русия дода шуда, ки дар асоси автомобили зиреҳпӯши "Тайфун-ВДВ" бо формулаи чарххояш 4х4 сохта шудааст, оғоз бахшид.
Ростех санаи 18 июл ба артиш аввалин силсилаи таҷрибавии миномёиҳои худгарди 82 - миллиметраи 2С41 "Дрок"-ро фиристод. Минтақаи амалиёти вижаи низомӣ – беҳтарин ҷой барои санҷиши хосияҳои ҷангист, ба қарибӣ қувваҳои мусаллаҳи Украина аз рӯи талафоти худ ба самаранокии яроқи нави русиягӣ баҳо дода метавонанд.
Маҷмамаи "Дрок" барои нобуд сохтани қувваи зинда ва мошинҳои зиреҳпӯш, кӯр кардани нуқтаҳои мушоҳидаи душман, ҳамзамон – барои равшан намудани ҳудудҳо ва ба миён овардани пардаи дуд пешбинӣ карда шудааст.
Модули миномётӣ дар шассии мошини зиреҳпӯши "Тайфун-ВДВ" тезҳаракатӣ, амниятиҳайати экипаж ва масофаи ниҳоии тирпаррониро то ба 6 км таъмин менамояд. Маҷмааи нав бо дақиқии баланди тнишонрасӣ фарқ мекунад. Маҷмааи аслиҳа - 40 хумпора. Суръати тирандозӣ – 10 гулӯлапартоӣ дар 1 дақиқа.
Датстгоҳи миномётӣ бо таҷҳозиотҳои зиддитағйиротӣ дар манораи мошини зиреҳпӯш насб карда шудааст. Маҷмааи рақамии замонавии идоракунии оташ, ивази маълумотро бо марказҳои фармондеҳӣ ва имконияти кори мустақил таъмин менамояд. Нишондиҳандаи механизатсияшуда амали ҳисобро осон мекунад.
Илова бар ин, “Дрок” бо модули ҷангии фосилавӣ идорашаванда бо пулемети ПКТМ-и 7,62 миллиметраи гардишаш даврӣ ва нишондиҳандаи оптикӣ-электронӣ, инчунин миномёти 82 миллиметраи 2Б24-и тариқи дастӣ бурдамешуда барои истифодаи берун аз мошин муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Вазни маҷмааи "Дрок" 14 тонна аст. Ҳайати ҷангӣ - чор нафар.
Миномёти нави худгард аз рӯи маҷмӯи хусусиятҳо аз намунаҳои беҳтарини хориҷӣ камӣ надорад, ва аз рӯи баъзе ченакҳо аз онҳо бартарӣ дорад. Зиреҳи "Тайфун" муҳофизати хуби зидди тир ва зидди минаро таъмин менамояд, қобилияти хуби гардонандагӣ имкон медиҳад ба зудӣ мавқеи оташандозиаш дигар карда шавад.
Миномет "Дрок" аз ҷониби Донишкадаи марказии илмӣ-тадқиқотии “Буревестник“ дар якҷоягӣ бо силоҳи худгарди артиллерии 120-мм “Флокс” дар асоси автомобили зиреҳпӯши Урал-4320 бо формулаи чархҳои 6х6 ва 152 миллиметраи “Магнолия” - бо шассии тасмачарх - махсус барои зерсохторҳои қушунҳои ҳавоӣ-десантӣ таҳия шудааст.
Дар минтақаи амалиёти вижа ба миномётҳои “кӯчманчӣ”он қадар талабот зиёд аст, ки шояд "Дрок" ба силоҳҳои қӯшунҳои хушкигард дохил шавад, “намунаи беҳтарини талабгораш зиёд” шавад. Ва ба минометҳои автоматии 82 миллиметраи "Василек" бо масофаи тирпаррониаш то 4,2 км. иловаи хубе мешавад.
Талаби замон
Қувва, ҳаракат ва пурдоштии ин яроқ, ки бо ҳам алоқаманданд, дар ҷанги муосир роҳро ба пирӯзӣ кӯтоҳ мекунад. Вазорати мудофиаи Русия дар аввали тобистон наворҳои истифодабарии миномети автоматии 82-мм 2б9 “Василек”-и “кучманчӣ”-ро минтақаи амалиёти вижаи низомӣ нашр намуд, ки аз ҷониби дастандаркорони артиш дар платформаи тарроҳии МТ-ЛБ насб карда шудааст.
Шассии тасмачарх ба ин ҳайат имкон медиҳад таъҷилитар мавқеъ гиранд ҳатто дар бероҳаҳо дар дақиқаҳои бешумор оташ кушода (хӯшавӣ, бо чор ададӣ аслиҳа) ва ҷои ҷойгиршавӣ дигар карда шавад. Дақиқии нобудсозии ҳадаф бо роҳи истифода аз ҳадафнишондиҳии бесарнишинҳо ба даст оварда мешавад.
Аммо, тактикаи "Василёк"-и кӯчманчӣ самаранокии худро хеле пештар, дар Афғонистон исбот намуда буд. Ин таҷрибаи “афғонӣ” дар артиши Қазоқистон низ истифода бурда мешавад, фақат он ҷо “Василёк”-ро дар шассии мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизом истифода мебаранд.
Истеҳсоли саноатии минометҳои худгарди калибраш миенаи навъи “Дрок” дар Русия талабот доғи рӯз аст.
Худгарди теъдоди чархҳояш “2с4” “Тюлпан” бо калибри рекордии 240 ммиллиметра (масофаи оташандозиаш то 20 км), ки соли 1972 ба ихтиёри артиш дода шуд, пурқувваттарин миномети “кӯчманчӣ” дар ҷаҳон (бо лавозимоти оддӣ ва ҳастаӣ) ҳисобида мешавад . “Тюлпан”-ро азнавсозӣ намуданд, аммо ба ҳар ҳол хатти технологиашро идома додан лозим.
Системаи худгарди артиллериягӣ-миномётии “Нона” “2с9”-и калибри натогӣ 120 мм махусусиятҳои худро дорад.
Ва ҳамсоягони сайера дастболои даст нанишастаанд.Фаронса дар охири солҳои 1990-ум миномети мобилии 120-миллиметраи “2R2M”-ро сохтааст (яъне, ки - Recoiling Rifled Mounted Mortar – миномёти бо тирдонаш, ки дар мошин насб карда шудааст).
Мутахассисони исроилӣ дар аввали солҳои 2000-ум маҷмааи минометии мобилии калибри 120 миллиметраи CARDOM-ро сохтаанд (Computerised Autonomous Recoil rapid Deployed Outrange Mortar - минометҳои компютерии мустақили бозгардонидашудаи ба зудӣ омодаи ҷанг мешуда бо масофаи баландтари тирпарронӣ), ки онҳоро ИМА, Испания ва дигар давлатҳо фаъолона харидорӣ доштанд.
Финляндия ва Шветсия аз соли 2006 миномети худгарди дуҷонибаи 120-миллиметраи AMOS (Advanced Mortar System - системаи минометии оянда) – ро дар асоси мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизоми ҳаштчархаи Patria ё платформаи зиреҳпӯши CV90 истеҳсол мекунанд.
Ҳатто Лаҳистон дар соли 2013 маҷмааи маноравии минометии калибраш 120 миллиметра – RAK120-ро дар шассии Рatria AMV 8x8 - сохтааст. Минометҳои худгард инчунин аз ҷониби Олмон, Чин, Сингапур, Туркия, АМА истеҳсол карда мешаванд. Эҳтимол, рӯйхат нопурра аст.
Амалиёти вижаи низомӣ ба азнавяроқноккунии артиши Русия бо истифода технологияҳои замонавитарин такони нав дод ва имрӯз артилеристони рус дар театри амалиёти ҷангии украинӣ на танҳо бо қувваи оташандозӣ, теъдоди мила ва гулӯлаҳо бартарӣ доранд.
Сарвазири Русия Михаил Мишустин 18 июл хабар дод, ки Русия аз моҳи октябри соли 2022 истеҳсоли силоҳҳои бо технологияҳои замонавӣ бо назардошти талаботҳои вазорати дифоъ ва таҷриба дар амалиёти вижаи низомӣ ба таври назаррас афзоиш додааст. Ғанигардонии базаи ҷузъӣ идома дорад.
Президенти Русия Владимир Путин қаблан изҳор дошт:"Аз рӯи намудҳои асосии силоҳ истеҳсолот дар як сол 2,7 маротиба афзуд. Ва дар самтҳои аз ҳама серталаб - ба 10 маротиба.” Артиши русиягӣ ҳар моҳ тақрибан 100 танки нав мегирад, аз аслиҳа камбудӣ надорад.
Таҳвили қиркунандаҳои наслҳои 4 ва 5 ба қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ меафзояд. Ва пешрафти технологии артиллерияи худгарди дақиқ дар Русия бебозгашт аст. Аз ҷониби дигар, комплекси саноати ҳарбии ИМА ва НАТО-и “истисноӣ” дар театри амалиёти ҷангии украинӣ заифии технологӣ ва сафарбариро нишон доданд – дар нақши қафомонда, на дар нақши оне,ки ба каси ба пеш ҳаракат дошта наздикшавиро дошта бошад.