Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Трамп: идеяи пайвастани Украина ба НАТО девонагист

Президенти собиқ ва номзад ба интихоботи қарибулвуқӯъи ИМА аз сиёсати Ҷо Байден интиқод карда, масъалаи узвияти Украина дар НАТО-ро беасос номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Идеяи пайвастани Украина ба Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ девонагист. Дар ин бора президенти пешини ИМА Доналд Трамп изҳор дошт.
Вай нақши раҳбари кунунии давлат Ҷо Байденро дар сиёсати бебарори хориҷии давлатҳо ва вазъи кунунӣ дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид кард.
Трамп мӯътақид аст, ки "фасод ва беурзагӣ" имкони ҳалли ҷиддӣ бо чунин масъалаи тавсеаи созмонро надорад.
"Худи андешае, ки мо имкони пайвастани Украинаро ба НАТО баррасӣ мекунем, ҳоло комилан девонагӣ аст",- гуфт президенти собиқи ИМА.
Ҳамзамон вай изҳори назар кард, ки сиёсати маъмурияти Байден таҳдиди оғози ҷанги сеюми ҷаҳонро дорад.
Ӯ гуфт, ки дар сурати дубора интихоб шуданаш, чӣ гуна муноқиша дар Украинаро қатъ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Украина дар пайи нишасти сарони НАТО дар Вилнюс, ки рӯзҳои 11-12 июл баргузор шуд, барои пайвастан ба Паймони Атлантикаи Шимолӣ пешниҳодҳои мушаххас нагирифт.
"Коре карда наметавонанд." Афсари НАТО сабаби нокомии ҳамлаи артиши Украинаро гуфт
Ба ҷои ин, ба гуфтаи дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, кишварҳои узви ин блок “се қадам ба сӯи Украина” гузоштанд:
1. Қарор дода шуд, ки аз Киев иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба узвият ба ин ташкилот талаб карда нашавад;
2. Барномаи бисёрсолаи кумаки ҳарбӣ тасвиб шуд;
3.Таъсиси Шӯрои Украина-НАТО тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон дар изҳороти ниҳоии ин нишаст гуфта мешавад, ки даъват ба ин паймон пас аз ҳосил шудани тавофуқ миёни муттаҳидон, “вақте ки ҳама шартҳо иҷро мешаванд”, ба Украина фиристода мешавад.
Русия сар ааз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.