Тими миллии футзал нахустин бозиро бо дастаи Ӯзбекистон мегузаронад

Мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар мусобиқаи байналмилалии CAFA Futsal Cup-2023 бо бозӣ муқобили тими миллии Ӯзбекистон оғоз мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Нахустин бозии тими миллии футзали Тоҷикистон дар CAFA Futsal Cup-2023 рӯзи 23 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе соати 18:00 оғоз мешавад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки нархи чипта барои тамошои ин бозӣ дар толор 20 сомонӣ аст.
Зикр шудаст, ки нахустин мусобиқаи футзал миёни тимҳои миллӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад, ки дар он дастаҳои шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.
Ҳудуди 130 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои II ИДМ ширкат хоҳанд кард
Дар доираи мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Дар рӯзи аввал - 23 июл тими Қирғизистон бо Афғонистон соати 12:00 ва Эрон бо Туркманистон соати 15:00 сабқат хоҳанд кард.
Мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахабҳои миллии Туркманистон рӯзи 24 июл, бо Қирғизистон рӯзи 26 июл, бо Афғонистон рӯзи 28 июл ва Эрон 30 июл рақобат мекунад. Баргузории ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар Душанбе дар назар аст.