Ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе баррасӣ шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон, Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд, афзуд манбаъ.
"Дар ин зимн бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди бемайлони гардиши мол миёни ду кишвар зикр гардид", - омадааст дар иттилоия.
Гуногунсамт гардонидан ва тавсеаи сохтории молу маҳсулоти тиҷорати мутақобила аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам дониста шуд, таъкид намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба имкониятҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ишора кард.
Дар баробари ин соҳаҳои саноати сабук ва хурокворӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати автомобилсозӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ ҳамчун самтҳои ояндадор номбар гардиданд.
Ба тавсеаи фаъоли робитаҳои мустақими иқтисодии субектҳои хоҷагидор ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид, афзуд манбаъ.
Ҷонибҳо дар мавриди талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди пайвастаи тамоми маҷмӯи равобиту ҳамкорияшон изҳори омодагӣ намудаанд.