Барандаҳои аттестатҳои аъло ва медалҳои тилою нуқра дар Тоҷикистон муайян шуданд

Дар озмун аз миёни довталабон 18 нафар дар равияи табиию риёзӣ ва 10 нафар дар равияи ҷамъиятию гуманитарӣ барандаҳо аттестати аъло ва медалҳо гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе озмуни аттестатҳои аълои универсалию равиявӣ бо медали тило ва нуқра ҷамъбаст гардид, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳод, дар озмуни мазкур аз 57 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои комиссияи озмун дар умум 34 нафар хонанда сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд.
"Аз ин шумора 30 нафар хонанда вобаста ба равияи худ сазовори медали тило ва 4 нафар хонанда сазовори медали нуқра шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки дар равияи табиӣ-риёзӣ 18 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра шуд.
"Дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бошад 10 нафар сазовори медали тилло ва 2 нафар сазовори медали нуқра гардид. Инчунин, дар категорияи универсалӣ 2 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра гардид", - омадааст дар иттилоия.
Русия квотаи таҳсил барои хориҷиёнро зиёд мекунад
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода, дар маросими ҷамъбасти озмун, рушди бонизоми соҳаи маориф, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумат хонд.
Мақсад аз баргузории озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар арзёбӣ гардид.
Вазорати маориф таъкид намудаст, ки озмуни аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.