ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои наҷоти шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми фатҳи қуллаҳои кӯҳӣ дар ноҳияи Лахш ва ВМКБ, ки дучори садама шуданд, корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ гузаронида истодаанд.
Ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодисаи аввал 19 июли соли 2023 тахминан соати 11:14 ба вақти маҳаллӣ рух дода, тибқи гузориши ба ин ниҳод расида кӯҳнавард – шаҳрванди 37-солаи Беларус Гракович Д.Л. ҳангоми фатҳи кӯҳҳо аз баландӣ сарозер шуда, дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ (қабураҳои шикаста) гирифтааст.
Барои анҷом додани корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот фавран гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ таъсис дода шуд. Онҳо бо чархболи Вазорати мудофиа ба қуллаи "Москвин" дар вилояти Лахш парвоз карданд.
Ба далели набуди ҷой барои фуруд омадани чархбол наҷотдиҳандагон аз қуллаи "Москвин" фуруд омада, тақрибан 6 километр пиёда гашта, кӯҳнавардро пайдо карданд.
"Баробари расидан ба ҷои ҳодиса, наҷотдиҳандагон ба ӯ ёрии аввалия расониданд. Ба далели торикӣ ва дастнорас будани ин макон кори интиқоли кӯҳнавард то 21 июли соли 2023 мавқуф гузошта шудааст", - афзудааст манбаъ.
Ҳолати дуюми дархости кумак ба навбатдори фаврии КҲФ 20 июл соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ аз тариқи телефони моҳвораӣ аз ҷониби ду сайёҳи бритониёӣ– Майкл Алан Фоуилери 67-сола ва Саймон Андрев Йейтси 60-сола расидааст.
Дафтари матбюуоти КҲФ мегӯяд, онҳо барои фатҳи қуллаи "Патхор" воқеъ дар деҳаи Патхори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ баромада, аммо аз баландӣ сарозер шудаанд.
Гуфта мешавад, ки бо фармони раиси кумита гурӯҳи 10-нафарии наҷотдиҳандагони ба макони ҳодиса сафарбар шуда, азбаски бо чархбол расидан ба ин баландӣ имконнопазир аст, онҳо бо истифода аз аспу таҷҳизоти махсус пиёда ба ҷои таъиншуда мераванд.
КҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонон маслиҳат медиҳад, ки қабл аз рафтан ба минтақаи кӯҳистонӣ дар ҳайати гурӯҳи сайёҳӣ бояд дар хадамоти наҷотдиҳӣ сабти ном шавад ва танҳо нараванд.
Агар шумо танҳо ба кӯҳҳо равед, дар ин бора ба наздиконатон хабар диҳед, хатсайрро низ бо худ гиред, маводи ғизоӣ ва об, доруворӣ, либоси гарм ва телефони мобилӣ ва аз ҳама беҳтараш телефони моҳвораӣ гиред, тавсия додааст кумита.