Раҳмон: Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези вазъ дар Афғонистон буд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистонро, ки ҳуқуқу озодиҳои мардумро кафолат медиҳад, қайд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, гуфт, мақомоти тоҷик ҷонибдори ҳалли мусолиматомези авзоъ дар Афғонистон ҳастанд.
“Тоҷикистон ҳамеша ба ҷонибдори аз ҳалли мусолиматомези вазъ дар Афғонистон баромад кардааст", - гуфт ӯ.
Тавре Раҳмон қайд кард, ҷониби Тоҷикистон аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад, ки метавонад аз тамоми гурӯҳҳои этникӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ намояндагӣ кунад, то ҳуқуқ ва озодиҳои аҳолӣ, бахусус занонро кафолат диҳад.
Вазъи Афғонистону машварати президентҳо дар Душанбе: Муҳриддин дар Ишқобод аз чӣ гуфт?
"Ин барои сулҳ заминаи мустаҳкам ба вуҷуд меоварад, — таъкид кард президенти ҷумҳурӣ.
Вай афзуд, Тоҷикистон аз тамоми талошҳои дипломатӣ барои ҳалли вазъ ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба ниёзмандон дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад.
Вай ҳамчунин аз раҳбарони кишварҳои арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ кунанд.