ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Омӯзгорони тоҷик дар ҳайати як гурӯҳи омӯзгорони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои гузаштан ба давраҳои такмили ихтисос ба Томски Русия сафар карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Россотрудничество дар Telegram-каналаш хабар додааст.
Дар натиҷаи интихоби озмун 9 нафар намояндагони муассисаҳои таълимӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, Исфара ва Хуҷанд барои иштирок дар лоиҳаи "Тамоюлҳои воқеии омодасозии то донишгоҳии довталабони хориҷӣ " соҳиби грант гардиданд.
Ин барномаро Донишгоҳи давлатии системаҳои идоракунӣ ва радиоэлектроникаи Томск амалӣ мекунад.
Ширкатдорони ин барнома бо шаҳр ва донишгоҳ шинос шуда, инчунин имкони омӯхтани тамоюлҳои муосири омода кардани довталабони хориҷӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия, платформаҳои гуногуни таълимӣ, сохтори имтиҳонҳои дохилшавӣ ва ғайраро пайдо мекунанд.
Инчунин, омӯзгорон худро ҳамчун довталаб месанҷанд ва кӯшиш мекунанд, ки имтиҳонҳои махсус супоранд.
Қаблан Евгений Куйвашев, раҳбари вилояти Свердловск гуфта буд, ки Екатеринбург омода аст барои мактабҳои русизабони Тоҷикистон омӯзгорон омода кунад.
Дар ин бора ӯ зимни музокирот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Русия хабар дод.