Мирзиёев хостори мубориза бо исломофобия дар ҷаҳон шуд

Президенти Ӯзбекистон аз зарурати ҳамкорӣ дар мубориза бо радикализми динӣ, терроризм ва ҷалби ҷавонон ба амалҳои ифротгарои изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хостори мубориза бо мавориди исломситезӣ дар ҷаҳон шуд.
Ӯ дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс” изҳорот дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳури Ӯзбекистон.
Мирзиёев ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо радикализми динӣ, терроризм ва ҷалби ҷавонон ба амалҳои ифротгароӣ тавассути интернет ишора кард.
"Бо мақсади ба ҳам наздик кардани кишварҳо ва халқҳои бародар пешниҳод карда шуд, ки масъалаи таҳияи созишномаи бисёрҷониба оид ба дӯстӣ, робитаҳои минтақавӣ ва шарикӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад", - зикр кард дафтари матбуоти президент.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Мирзиёев вокуниши худро ба сӯзонидани Қуръон дар Швется низ изҳор дошт.
Ӯ зимни суҳбат интихобкунандагонаш пеш аз интихоботи президентӣ дар Тошканд, чунин амалро ваҳшигарӣ хонд.
“Мо комилан муқобили ҳама гуна шаклҳои радикализм ва ифротгароӣ ҳастем, ки беэҳтиромӣ ба арзишҳои динии миллату халқиятҳои гуногунро нишон медиҳанд", - таъкид кард вай.
Дар Шветсия марде мехост Қуръонро сӯзад, аммо оинномаи НАТО-ро оташ зад
Ӯ чунин амалкард дар Стокҳолмро сазовори маҳкумият хонда, таъкид кард, ки ба чунин ҳолатҳое, ки дин ва эҳсоси наҷиби миллионҳо нафарони рӯи заминро таҳқир мекунанд, набояд роҳ дод.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 июл раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин нишасти формати “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс” ҷамъ омаданд.