ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина то ҳол наметавонанд ба пешрафт дар ҳамлаи ҷавобӣ ноил шаванд.
Дар ин бора афсари мустаъфии НАТО Ставрос Атламазоғлу дар як мақола барои 19FortyFive навиштааст.
"Бо гузашти тақрибан ду моҳ аз оғози амалиёт, артиши Украина натавонистааст чизе барои пешрафт ба даст оварад",- гуфта мешавад дар мавод.
Тавре коршинос қайд қард, украиниҳо сахт талош доранд, хатти дифои Русияро рахна кунанд ва долони заминии Қримро бибуранд, аммо муваффақ намешаванд, зеро майдонҳои азими минакоришуда ва қалъаҳои дифоъӣ пешравии онҳоро бозмедорад.
Қаблан мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский Михаил Подоляк гуфта буд, ки Киев интизор дорад, ки ҳамлаи ҷавобии Украина "дароз ва душвор" хоҳад буд ва эътироф мекунад, ки ҳамла нисбат ба оне ки фикр мекарданд, оҳистатар ҳаракат мекунад.
Ҳамлаи ҷавобии Киев рӯзи 4 июн оғоз шуд. Нерӯҳое, ки НАТО омода кардааст ва бо техникам ғарбӣ мусаллах буданд, ба хатти муҳориба партофта шуданд.
Маскав таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар хатти ҷабҳа муваффақ нестанд ва ҳамарӯзо садҳо куштаву захмӣ медиҳанд. Техникаву таҷҳизоти низоми низ ба таври густурда нобуд карда мешавад.