ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири иқтисод - раиси Созмони сармоягузорӣ, кӯмакҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрон Алӣ Фикрӣ мулоқот намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар додааст.
“Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузориву тиҷорат, инчунин ташкили Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва нишасти навбатии Кумитаи муштараки сармоягузории миёни ду кишварро баррасӣ намуданд”, - иттилоъ додааст сафорат.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ ба Тоҷикистон сафар дошт
Вай дар ин сафар бо вазири тандурустии Тоҷикистон мулоқот кард ва дар гуфтугӯҳо масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишваи дар бахшҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ кард.
Ҳамзамон ахирина я қатор соҳибкорони Эрон аз вилояти Хатлон диданд карданд ва бо раиси вилоят дидору гуфтугӯ намуданд.
Ба гуфтаи соҳибкорони эронӣ мақсади дидору мулоқоти раҳбарони ширкатҳои эронӣ бо роҳбарияти вилояти Хатлон пешниҳоди ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, интиқоли технолоҷӣ аз Эрон ба Тоҷикистон ва баррасии арсаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф мебошад.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки дар партави иродаи мақомоти олии ду кишвар ва бо баҳрагирӣ аз муштаракоти фаровон ва зарфиятҳои мукаммал ҳамкориҳо ва равобити иқтисодию бозаргонии ду кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабон беш аз пеш тақвият хоҳанд ёфт.
Ба иттилои ҳукумати Хатлон, Эрон ба сегонаи аввали кишварҳои сармоягузор дар вилоят ба шумор рафта, 18,5%-и сармояи хориҷии воридшуда ба иқтисодиёти минтақа мансуб ба ҷумҳурии исломӣ мебошад.