ҶАҶ: Русияро дар нишасти БРИКС Лавров намояндагӣ хоҳад кард

Дафтари президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хабар дод, ки бо Маскав дар мавриди иштирок дар ҳамоиши БРИКС дар Йоҳаннесбург созиш ҳосил шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба нишасти БРИКС дар Йоҳаннесбург намеравад, иттилоъ дод дафтари президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ.
Ба иттилои манбаъ, давлати Русияро дар ин ҳамоиш вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров намояндагӣ мекунад.
"Бо мувофиқаи тарафайн, раисиҷумҳур Владимир Путин дар ин ҳамоиш ширкат нахоҳад кард. Дар ин ҳамоиш аз ҷониби Федератсияи Русия вазири хориҷа Сергей Лавров намояндагӣ хоҳад шуд", — омадааст дар изҳорот.
Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия, Мария Захарова дар шарҳи ин изҳорот ба РИА "Новости" таъкид намудааст, ки тибқи анъана мулоқотҳои сатҳи олиро дастгоҳи президент тавзеҳ медиҳад.
БРИКС метавонад то 50 кишварро фаро гирад
Нишасти БРИКС рӯзҳои 22-24 август баргузор мешавад. Ба ҷуз аз шахси аввали кишвари мизбон, дар ин чорабинӣ раҳбарони Чин, Бразилия ва Ҳиндустон ширкат хоҳанд кард.
БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.
Дар нишаст дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз ҷумла дар назар аст, ки масъалаи меъёрҳои тавсеаи созмон баррасӣ карда шаванд, ки метавонад даҳҳо кишварро фаро гирад.