ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раисҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо маҷмӯи масоили шарикии стратегии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раҳбари Тоҷикистон вохӯриро боз як имкони хуб барои муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон донист.
Дар ин мулоқотраҳбарони ду кишвар қайд карданд, ки татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан байни ду кишвар ҳосилшуда барои таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин тарафҳо рафти омодагиро ба чорабиниҳои муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалалии дарпешистода мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни мулоқот дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Таъкид шудааст, ки сарони давлатҳо барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳамаи имкониятҳо ҷиҳати ба муваффақият гузаронидани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон дар моҳи август, инчунин чорабиниҳои сатҳи олӣ – Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал табодули андеша карданд.