ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Мақомоти Панҷакент мегӯяд, ки биноҳое, ки бар хилофи нақшаи генералии шаҳр сохта шудаанд ва ба симои меъмории шаҳр халал ворид мекунанд, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ бардошта мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додаааст.
Мақомоти шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки то 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳр 1000 иншооти гуогун сохта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, то оғози моҳи ҷорӣ 229 иншоот мавриди истифода қарор гирифта , ҳоло сохтмони 106 иншоот, аз ҷумла 24 бинои баландошёна, идома дорад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳамроҳ бо мақомдорон аз як қатор ишооти бунёдшаванда ва ҳолати роҳу кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла, рафти сохтмони меҳмонхона ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хидматрасонӣ дар кӯчаи Борбади Марвазӣ ва хиёбони Рӯдакӣ , вазъи таъмиру ободонии кӯчаи Терешкова ва сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан кард.
Раиси Панҷакент барои дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо сифати хуб анҷом додани бунёди иншоотҳои гуногун, ба тартиб овардан ва сабзкорӣ намудани атрофи роҳоравҳои кӯчаҳои ин минтақаи шаҳр ба масъулин дастуру супориш дод.
Шаҳрдори Панҷкент таъкид кард, ки роҳу кӯчаҳо бо ҷалби сокинони маҳаллаҳо тозаю озода нигоҳ дошта мешаванд.