ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Саноати сохтмони Русия аз коргарони хориҷӣ аз ҳад зиёд вобаста аст, изҳор дошт раиси Шӯрои Федератсия, Валентина Матвиенко.
Вай дар муколамаи ошкоро бо муовини нахуствазири Руися, Марат Хуснуллин гуфт, бо назардошти рушди фаъоли соҳаи сохтмон масъалаи кадрҳо мубрам гардидааст.
Ҳоло камбуди кормандонро дар соҳа асосан муҳоҷирони корӣ мепӯшонанд, зикр намуд сиёсатмадор.
Дар робита ба ин вай даъват кардааст, ки ба омодасозии мутахассисони русиягӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад. Ин на танҳо вобастагӣ аз нерӯи кории хориҷиро коҳиш медиҳад, балки барои сарфаи маблағ дар дохили кишвар низ мусоидат мекунад.
Матвиенко афзуд, тибқи ҳисобҳои Вазорати сохтмон, шумори хатмкунандагони ихтисосҳои сохтмонӣ бояд ҳадди ақал ду баробар зиёд шавад. Сенаторҳо омодаанд, дар ин бахш кор кунанд, изҳор дошт Матвиенко.
Ахиран муовини вазири меҳнати Русия, Елена Мухтиярова изҳор дошта буд, ки дар кишвар коргарони хориҷӣ асосан дар саноат ва сохтмон дар мақомҳое кор мекунанд, талабот ба коргарон дар он хеле зиёд асту барои шаҳрвандони дохилӣ рақобатро эҷод намекунанд.
Вай таъкид намуд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия барои ҳалли масоили муайяни муҳим барои иқтисодиёт кумак мекунанд.