БРИКС метавонад то 50 кишварро фаро гирад

Фиристодаи вижаи роҳбари Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар БРИКС аз мавзӯъҳое гуфт, ки дар нишасти қарибулвуқӯи созмон баррасӣ хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Паймони БРИКС дар натиҷаи тавсеа метавонад даҳҳо кишварро дар бар гирад, гуфт фиристодаи вижаи раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ дар ин созмон, Анил Суклал.
"Тавсеаи БРИКС метавонад боиси он шавад, ки он беш аз 50 кишварро гирад", - овардааст пойгоҳи IOL аз қавли Суклал.
Дар робита ба саммити дарпешистода дар Африқои Ҷанубӣ, Суклал қайд кард, ки долларзудоӣ дар рӯзномаи чорабинӣ нест, аммо намояндагон барои таҳкими савдо ба асъори дохилӣ кор мекунанд, то аз доллар камтар вобаста бошанд.
Лавров: Ғарб қасд дорад СААД, БРИКС ва СҲШ-ро тақсим кунад
"Ҳаракат аз ҷаҳони мутамарказ ба доллар сӯи ҷаҳоне сурат гирифта истодааст, ки он ҷо интихоби бештар аст", - гуфт намояндаи раисҷумҳур.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки раҳбарони кишварҳои узви БРИКС меъёрҳои қабули аъзои навро зимни нишаст дар Йоҳанесбурги Африқои Ҷанубӣ баррасӣ хоҳанд кард.
БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.