Тоҷикистону Чехия бахшҳои мошинсозӣ, металлургӣ, ва саноати истеҳсолро тақвият мебхшанд

Дар ҷаласаи 2-юми Гурӯҳи доимамалкунандаи байниидоравии Тоҷикистон ва Чехия масъалаҳои ҳамкории саноатӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон нишасти гурӯҳи доимамалкунандаи ҳамкориҳои саноатӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Чехия оид ба ҳамкориҳои саноатӣ ва иқтисодӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Ба иттилои манбаъ, нишасти мазкур таҳти раёсати вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шерали Кабир ва вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия Ҷозеф Сикела баргузор шуд.
Ҷонибҳо дар ин нишаст сатҳи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, молия, илму таҳқиқот, фановариҳои муосир ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
“Ба мақсади густариши робитаҳои баъдӣ зарурати татбиқи лоиҳаҳову барномаҳои муштарак, аз ҷумла амалисозии кластери агросаноатӣ, саноат, бахусус дар соҳаҳои мошинсозӣ, нассоҷӣ, истеҳсолӣ, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, электротехникӣ, нақлиёт, тиҷорат, рушди соҳибкорӣ, энергетика ва туризм таъкид гардид”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Дар Чехия 19 хонандаи мактаб якбора беҳуш шуданд
Манбаъ қайд кардааст, ки ба ин муносибат эҷод ва фаъол намудани абзорҳои навин ва муосири ҳамкории саноати истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ, ба монанди анҷуманҳои тоҷирон, намоишҳои маҳсулоти ду кишвар муҳим дониста шуд.
Зикр гардидааст, ки дар доираи сафари вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия Йозеф Сикела ба кишвар Анҷумани саноатӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар баргузор гардид, ки дар поёни он байни вазирони саноати Тоҷикистону Чехия протоколи ҷамъбастии нишасти 2-юми Гурӯҳи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамкориҳои саноатӣ ва иқтисодӣ ба имзо расид.
Санади мазкур мавзуъҳои мубрами дуҷонибаро дар самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои ду кишвар дар бар гирифта, баргузории нишасти навбатиро соли 2024 дар шаҳри Прага пешбинӣ намудааст.