ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар низоми додгоҳии Тоҷикистон тағйироти кадрии густурда анҷом дод.
Президенти кишвар бо яке фармон даҳ додрасро аз як мақом барканор ва ба вазифаи нав таъйин кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ҳамин тариқ Раҳмонзода Шариф Файз аз вазифаи раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шудааст.
Маҳмудзода Азаматшо Сафар бошад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ озод ва ба вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардид.
Ҳамчунин Зикирзода Лоиқ Хурсандқул бошад, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардидааст. Президент уро раиси суди шаҳри Душанбе таъин намудааст.
Раҳбарии суди ноҳияи Фирдавсии пойтахтро президент ба Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон бовар кардааст.
Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин шудааст.
Нурзода Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе шудааст.
Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуда, дар ин мақом Асрорӣ Ифтихор Қурбонро, ки муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат шуд, иваз кард.
Ҳабибуллозода Хайрулло бошад, вазифаи баландтар гирифт. Ӯ аз мақоми муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат озод ва муовини якуми раиси суди ҳамин шаҳр таъин шуд.
Қурбониён Баҳриддин Самариддин бошад, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон гумошта шуд.
Кишвардори Тоҷикистон пас аз додани мақомҳо бо додрасҳои навтаъйин мулоқот анҷом дода, ба онҳо ба таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас доданд.
"Президенти мамлакат аз кадрҳои навтаъиншуда талаб карданд, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд", - афзудааст манбаъ.