Покистон: террористҳо дар Афғонистон ба силоҳҳои ҷадид даст ёфтаанд

Артиши Покистон иддао мекунад, ки гурӯҳи “террористии таҳрики толибон” (TTP)* дар Афғонистон ба паноҳгоҳ ва силоҳҳои модерн даст ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Раиси ситоди артиши Покистон Генерал Осим Мунир, дар нишасте бо фармондиҳони пойгоҳҳои артиши ин кишвар бо таъкид бар муборизаи Исломобод бо аносири террористӣ муддаӣ шуд, ки ҷангҷуёни ТТР* дар Афғонистон ба паноҳгоҳ ва ҷадидтарин силоҳҳо дастрасӣ доранд, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
Ба иттилои манбаъ, артиши Покистон дар гузорише аз ин нишаст эълом кард дар ин дидор паноҳгоҳҳо ва озодии амали террористҳои таҳрики толибони Покистон ва соири гурӯҳҳои мушобеҳ дар Афғонистон ва дар дастрас будани силоҳҳои модерн барои терруристҳо аз далоили аслии таъсиргузор бар амнияти Покистон зикр шуд.
Фармондиҳони артиши Покистон нотавонии толибони Афғонистон дар маҳори таҳрики толибонро далели аслии мавҷи ахири нооромиҳо дар иёлатҳои Балуҷистон ва Хибарпахтунхва эълом карданд.
Вокуниши толибҳо ба гузориши СММ дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон
Ин дар ҳолеаст, ки толибон* ахиран дар вокуниш ба эътирозоти мақомот Покистон гуфтаанд, ки Афғонистон набояд ба далели мушкилоти амниятӣ дар Покистон маломат шавад, балки авомили ин нокомиҳо бояд дар дохили Покистон ҷустуҷӯ шавад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо таъкид кардааст, ки агар Исломобод шавоҳиде дар мавриди истифода аз хоки Афғонистони алайҳи Покистон ба иштирок бигзарад Кобули дар ин бора иқдом хоҳад кард.
* - созмон ё гурӯҳе, ки таҳти таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ қарор дорад.