ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ба қитъаи Аврупо мавҷи гармои рекордӣ аз сабаби аз Африқо наздик шудани антисиклони "Харон" таҳдид мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Bloomberg, бо истинод ба маълумоти хадамоти обуҳавошиносӣ, ҳарорати ҳаво дар кишварҳои ҷануби Аврупо дар ояндаи наздик метавонад то +50 дараҷа гарм шавад.
Ҳавои гарми ғайриоддӣ, ки аллакай дар Афина, Рум ва Мадрид аст, мақомоти маҳаллиро маҷбур кардааст, ки дар бораи хатар ба саломатӣ ва ҳамчунин халалдор шудани инфрасохтори нақлиёт ва энержӣ ҳушдори изтирорӣ диҳанд.
Дар пойтахти Юнон гармӣ ва хушкӣ дар якҷоягӣ бо шамоли сахт боиси сӯхтор гардид - оташ чанд хонаро хароб кард.
Дар ҷазираи Палма, ки бахше аз архипелаги Канар аст, бар асари сӯхтор беш аз 4 ҳазор нафар тахлия карда шуданд.
Ба ҷуз аз кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин, дар қисмати марказии он гармӣ шадидтар мешавад: мақомоти Олмон ҳушдор додаанд, ки дар шарқ ва ҷануби кишвар дар рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво то +38 дараҷа боло меравад.