ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо як сафари корӣ ба Арабистони Саудӣ меравад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуотии сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 18 июл озими Ҷидда мешавад.
Умуман, сафар то 19 июль давом мекунад.
Дар чаҳорчӯби ин сафар раисиҷумҳур дар нахустин нишасти сарони давлатҳо дар шакли “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс” ширкат хоҳад кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарони давлат, дар нишасти қарибулвуқӯъ сарони Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.
"Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ мешаванд", - афзуд манбаъ.
Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ ба нақша гирифта шудааст, афзуд хадамоти матбуоти.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон ба Макка зиёрат карда, маросими ҳаҷро адо мекунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2022 дар пойтахти Арабистони Саудӣ, кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ нахустин нишасти раҳбарони ниҳодҳои хориҷиро баргузор карданд.