Донишгоҳи Санкт-Петербург барномаҳои омӯзиши забону фарҳанги тоҷикиро таҳия мекунад

Ректори Донишгоҳи Санкт-Петербург бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкориҳои стратегиро ба имзо расонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург қарор аст барномаҳои таълимӣ барои омӯзиши забон, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон таҳия кунад.
Дар ин бора Николай Кропачев, ректори донишгоҳи Санкт-Петербург зимни бастани созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт.
Шарикии байналхалқӣ пеш аз ҳама лоиҳаҳои якҷояи омода кардани кадрҳо дар соҳаҳои саноат, фарҳанг, нигахдории тандурустӣ ва ҳуқуқи тиббиро дар назар дорад.
Тавре муовини аввали сардори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода қайд намуд, ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон хусусияти стратегӣ дошта, махсусан дар соҳаи маориф фаъолона амалӣ карда мешавад.
Ҳуснуллин мехоҳад дар Тоҷикистон монанди Маркази “Сириус” ташкил намояд
"Мо медонем, ки Донишгоҳи Санкт-Петербург қадимтарин ва яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Русия аст. Хеле хушҳолем, ки бо шумо ҳамкорӣ хоҳем кард",-афзуд ӯ.
Дафтари матбуоти донишгоҳ тавзеҳ дод, ки айни замон дар Донишгоҳи Санкт-Петербург 64 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия имкони таъсиси аналоги маркази таълимии Сириус барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
Ба гуфтаи муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин, ин тарҳ дар заминаи мактаби русӣ ба номи Гагарин дар Душанбе дар назар аст.